ТАҲЛИЛИ ҲУҶҶАТГӮЗОРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ВА ҚАБУЛИ АЪЗО БА САФИ ҲИЗБ

Дӯстӣ:  

Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва бо ин васила вусъати фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷатгузории ҳизбӣ сармуҳосиби  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Хоҷаев Рустамбек , рафти фаъолияти ҳизбиро дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ ва аз қайд барории аъзои ҳизб, ба низому тартиб даровардани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва қабули аъзои нав ба сафи ҳизбии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсеи касбии техникӣ"-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Бояд қайд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсеи касбии техникӣ” тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҳуҷатгузории ҳизбиро ба таври лозима ва дуруст ба роҳ монда аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам афзалиятнокии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур ва тарзи дурусти ҳуҷатгузориро тибқи талаботи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ” ба роҳ монанд.