ҚАҲРАМОНОН ҲЕҶ ГОҲ АЗ ХОТИР ФАРОМӮШ НАХОҲАД ГАШТ.

Восеъ:  

Санаи 08.05.2024 бо мақсади пос доштани хотири қаҳрамонони Ватан ва бахшида ба сазовор таҷлил намудани 79-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир” дар назди нимпайкараи фарзанди шучои ватан генерал майор-Рустами Холалӣ ва нимпайкараи афсарони номаълум бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, аъзоёни фаъоли ҳизб, толибилмони Литсей касби техникии ноҳия ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” маросими гулчамбаргузорӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намоем, ки солхои чанги бузурги ватани хазорҳо нафар чавонон аз ноҳияи Восеъ ба фронт рафта, зидди душманон ҷангидаанд. Онҳо барои муҳофизати ватан, ҷони худро фидо намуданд. Бинобар ин хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаргиз аз ёдҳо фаромуш нахоҳад гашт, ёди онҳо абадан дар қалбҳо боқи мемонад.