БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 4-уми майи соли 2024, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди муассисаҳои таълимии нав ва синфхонаҳои иловагӣ, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Кумитаи иҷрооияи марказӣ Вализода Сироҷиддин Икромиддин аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагии назди муассисаи таълимии №38-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, дар деҳаҳои Эргаш ва Умарқазоқи ноҳия дидан намуданд. Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии узви Кумитаи иҷрооияи марказӣ Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва бо маблағгузории Барномаи "CASA-1000" бо тарҳи зебо ва бо сифат бунёд гардида истодааст. Дар маҷмӯъ бунёди синфхонаҳо аз 11 синфхонаи барҳаво иборат мебошад, ки ин мушкилоти маҳаллаҳои мазкурро аз норасоии синфхонаҳо пурра бартараф менамояд.