ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ОБОДКОР" ДАР ШАҲРИ НОРАК ШУНИДА ШУД.

Норак:  

Санаи 8-уми  майи соли 2024  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ободкор " маҷлиси ҳисоботӣ баргузор карда шуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Ободкор" Бобиев Маҳмадюнус  оғоз бахшида,  рӯзномаи маҷлисро муайян намуданд.

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;

2. Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ободкор " Бобиев Маҳмадюнус оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 3- моҳаи якуми соли равон ва вазифаҳо барои минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Қайд намуд, ки дар доираи гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муарррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони истиқлолият саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Ободкор”  назаррас аст.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис гузошташуда низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд ва оид ба рафти иҷрои саривақтии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ҳамчунин зимни суҳбат дар бораи кору фаъолияти  ҳизбиёнро вобаста ба пеш бурдани сиёсати идеологӣ дар шаҳр, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва доир кардани ташаббусҳои ҳизбӣ дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳо дар давраҳои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд.