ҚАҲРАМОНОН ФАРОМӮШ НАХОҲАНД ШУД.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8-уми  майи соли 2024 тибқи нақша - чорабиниҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба сазовор таҷлил намудани 79-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ташабуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис, мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  КИ ҲХДТ дар шаҳр Боев Умед бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз осорхонаи ба номи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Норак дидан намуданд.

Осорхонаи «Дӯстии халқҳо» аз лавҳаи хотира бахшида ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945, аз ҳуҷҷатҳои сохтмончиёни НБО-и Норак ва Бойғозӣ мусаввараҳои рассомони шинохта оид ба шаҳри Норак, маводҳои бозёфтӣ ва бостоншиносӣ, сӯзаниҳо, кулолгарӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ иборат аст.

Ҳасанова Наргис ба хонандагон дар бораи корномаҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҷанг бахусус, аз 514 нафар аз шаҳри Норак маълумот доданд ва қайд намуданд, ки имрўзҳо мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо 79-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил менамоянд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ аз корнамоиҳои неки шахсиятҳои қаҳрамон ёд мекунанд. Зеро корнамоиҳои онҳо дар майдони ҷанг барои ҷавонони имрўзаи миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ ва ахлоқӣ буда, барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандорӣ мусоидат хоҳад кард.