ЭҲТИРОМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ЗАМИНАИ АСОСИСТ

Данғара: Андеша  

“Соли маърифати  ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли равон мову шумо  - ҳуқушиносони ояндаро ба он он водор  менамяод, ки беш аз ҳарвақта дида дониши касбии  хешро сайқал дода, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандони мамлакат тадбирҳо биандешем ва ин тадбирҳо ба баланд  шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ  мусоидат менамояд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ  ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифатӣ ҳуқуқӣ як навъ зербинои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ  ва ягона мебошад, ки дар он ва танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад. Хусусан ба эҳтироми ҳуқуқи инсон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳи мегардад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун ин муносибати эҳтиромонаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аст, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробари  вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд.

Беъҳтиромии ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқи дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти  инсон, эҳтироми ӯ  оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи  меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста  аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ,  таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд. Баъд аз эҳтироми ҳуқуқи инсон ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар байни инсонҳо ба вуҷуд меояд аҳамияти ҷиддӣ дода мешаванд. Муносибати ҳуқуқӣ як навъи муносибатест, ки дар он ирода ва амалҳои (амал ё беамалии ) шахс ба меъёрҳои ҳуқуқии  мавҷуда мувофиқат менамоянд.  Муносибати ҳуқуқӣ натиҷаи  маърифати  ҳуқуқии ташаккулёфта мебошад. дар навбати худ, худи  маърифати инсон  ва институтҳои ҳуқуқ ҳамчун  танзимгарӣ муносибатҳои  ҷамъияти асос меёбанд.

ОДИЛЗОДА Муллонаврӯз – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара, аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “нури истиқлол” – и ноҳияи Данғара