АЗ ИДОМАИ НАҚШИ ОИЛАИ НАМУНАВӢ ДАР ҶОМЕА

Ҳамадонӣ:  

  Бояд қайд намуд, ки дар вилояти Хатлон даври навбатии озмуни «Оилаи намунавӣ» баргузҳор шуд, ки бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштироки фаъолона нам Ҳадаф ва мақсади баргузории озмуни «Оилаи намунавӣ»- ин тарғибу ташвиқи маърифати оиладорӣ дар байни ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила мебошад.   Дар озмуни мазкур оилаи намунавӣ аз деҳаи Чойлобкамари деҳоти Чубек Қурбонова Нихолбӣ ва Мирзоев Анвар иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки онҳо тули 52 сол бо ҳам зиндагӣ намуда, дар таълиму тарбия фарзанд ва наберагон саҳми боризе гузоштанд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаи онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.