Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Восеъ:  

Дар ташкилоти ибтидоии “Литсейи давлатии №1”-и ноҳияи Восеъ бахшида ба таҷлили 79-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ аз тарафи хонандагон чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони муассисаи мазкур баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстию меҳанпарастӣ қироати шеъру сурудҳо дар васфи Ватан-модар намуданд.

Зимни чорабини аз ҷониби роҳбарияти муассиса иброз гардид, ки мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон бояд донанд ва ба хуби дарк намоянд, ки дар гузашта миллати тоҷик қаҳрамонони зиёд дошт, ки дар роҳи пойдории сулҳ ва ҳимояи ватани худ фодокориҳо нишон додаанду намунаи ибрат мебошанд. Қаҳрамонон намемиранд, номи онҳо дар таърих ва қалби мо то абаб зинда хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз мо бояд ҳамеша ёде аз абармардони миллат, қаҳрамонону фидокорони миллат дошта бошем ва ҳеҷгоҳ фаромуш насозем.