ТАКЯ БА ИМРӮЗ, УМЕД БА ФАРДО

Данғара: Андеша  

Дар Паёми имсола Пешвои миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор  гирифтанд. Агар ба муҳтавои  Паёми навбатӣ эътибор диҳем мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши  ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои ояндаи наздик  вазифагурӣ шудаанд.

Дар Паём бисёр масъалаҳои муҳими аввалиндараҷа, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаи  саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму  маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳимояи  манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии  ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо,  боло  бурдани  фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои  мардумӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи  муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои  стратегӣ -  истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Бо мақсади  рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои истиқлолият дар  кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ ба монанди як қатор неругоҳҳои хурду бузаргӣ барқӣ, хатҳои интиқоли  барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба  истифода дода шудаанд.  Дар Паёми имсола ироа карда шуд, ки “Рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Умуман,  дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати  мамлакат  барои навсозӣ, яъне  таъмиру таҷдиди низоми  энергетикии  кишвар 85,7 миллард сомонӣ равона карда шудааст”. Тоҷикистон ҳамчун  давлати пешсафи ҷаҳон дар самти  инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037 воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад. Ҳоло кишвари мо аз рӯйи  фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои  барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6 – ум қарор дорад.

Масъалаи муҳими дигар, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди  босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил аст. Бунёди инфрасохтри нақлиёт барои ба кишвари транзистӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои  мошингард ва роҳи оҳан, бунёди  инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт  бомаром идома доранд. Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистн ба сифати  долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия, Аврупо инчунин, Тоҷикистон  - Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳак омили  муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат  номиданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳди истиқлолияти давлатӣ ба рушди инкишофи соҳаи  маориф ва илм баланд бардоштани  сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои  таҳсилот, ҷиҳати тайёр кардани  кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса менамоянд. Қайд карда шуд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини  таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 млн нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023  ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар  мерасад. Ин раванд зарурати бунёди  муассисаҳои таълими нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми  маорифро тақозо мекунад. Агар соли 2023шумораи  хаткунандагони  муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор  нафарро ташкил дода боша, пас  қабул ба синфи 1- ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра муассисаи таълимии  нав ва бинои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор  хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳамкам аст. Зеро ҳанӯз 73ҳазор хонанда бе ҷои нишаст мемонад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳӣ кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баробари ин, ҷиҳати  идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати  мамлакат ба мардуми кишвар боз ҳам баланд бардоштани сатҳи  некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ супориш дод, ки;

  • Аз 1 – июли соли 2024 маоши вазифаҳои кормандон мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлат, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурӯстӣ , муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шавад.
  • Ба ифтихори 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” элълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби

Ба ифихори 30 –солагии Контстиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки мақсад аз он  баланд бардоштани сатҳи  маърифтаи ҳуқуқӣи шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи  эҳтиром нисбат ба он мебошад, Зеро мавҷудияти сатҳи баландӣ  маърифати ҳуқуқӣ ин навъ гарави бунёди  давлати соҳибихтиёр, демлкратӣ, дунявӣ ва арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Дар умум бояд гуфт, ки Паёми  навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодию  иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои иқтисодию  иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону  шаҳрванд нигаронида шудааст.

Барои амалӣ сохтани нақшаҳо танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро  ба ҳадафҳои муаяншуда наздик мекунад.

ҒОИБОВА Сафармо – омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи ЛТТ ба номи “Афлотун”