АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонӣ ва ободу зебо намудани Ватани азизамон ва дар асоси нақша - чорабиниҳои таҳрези намудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаи ноҳиявӣ бо мақсади ободу зебо гардонии муҳити зист ҳар ҳафта аксияи ҳизбӣ дар ин самт баргузор карда шуда истодааст, ки аъзоёни ҳизб саҳми муборизи хешро гузошта истодаанд.Аз ҷониби аъзоёни ТИ “Беморхонаи Маркази”-и ноҳияи Восеъ аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор!” бахшида ба сазовор ҷанш гирифтани Рӯзи Ғалаба баргузор гардид. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат фаъолона ширкат варзида, ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегона, нарм намудани зери дарахтон ва гулҳои ороишӣ дар мавқеи муайян гардида машғул гаштанд.