ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ҲИЗБИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи таҷлили фархунда аз 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар, хусусан ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми аъзои фаъоли ҳизб, ҷонибдорон ва саховатмандон якқатор корҳои ободонию созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Дар ин росто, санаи 8-уми майи соли 2024 бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод сохтмони 2-юм ошёнаи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз гардида, бо истифода аз техникаҳои махсуси сохтмонӣ таҳкурсӣ барои 2-юм ошёна омода карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи лоиҳаи сохтмонӣ бинои мазкур дуошёна, дорои 8-ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлисгоҳ мебошад ва баҳри таъмини шароити хуби корӣ сохта шуда истодааст.