ЁДЕ АЗ АБАРМАРДОНИ МИЛЛАТ

Ҷайҳун:  

Санаи 7 майи соли 2024 дар муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ бахшида ба 79-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндаи ноҳиявии ҳизб, роҳбари муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон иштирок ва вобаста ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштироки фаъолонаи фарзандони миллати тоҷик дар ҷанги мазкур, оид ба қаҳрамонони миллати тоҷик, ҷонфидоиҳо дар роҳи пойдории сулҳу субот бо насли наврас суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон бояд донанд ва ба хуби дарк намоянд, ки дар гузашта миллати тоҷик қаҳрамонони зиёд дошт, ки дар роҳи пойдории сулҳ ва ҳимояи ватани худ фодокориҳо нишон додаанду намунаи ибрат мебошанд. Қаҳрамонон намемиранд, номи онҳо дар таърих ва қалби мо то абаб зинда хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз мо бояд ҳамеша ёде аз абармардони миллат, қаҳрамонону фидокорони миллат дошта бошем ва ҳеҷгоҳ фаромуш насозем.