БАҲРИ ОБОДИЮ ТОЗАГИИ МАҲАЛ САҲМГУЗОР БОШЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳар як гӯшаи диёри азизамон ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии “ҲХДТ –ҳизби созандаву бунёдкор”, инчунин сазовор таҷлил намудани 9 - май “Рӯзи Ғалаба” аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳияи Данғара,  роҳраву гирду атрофи ташкилотҳои назди бинои худро аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Ҳамзамон аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ҳашари дастаҷаъмона баромада баҳри ободии ноҳия саҳми муносиби хешро гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки тозагии маҳал вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, баҳри он бояд бетарафӣ набояд кард.