ГУЛШИНОНИ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Данғара бо мақсади зебоипарастӣ ва нишон додани ҳисси ватандӯстӣ, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, назди идораву корхона ва ташкилоту муассисаҳо, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда корҳои гулшинонӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст.

Гулҳо ин худ инъикосгари зебогиҳо мебошад. Имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои кишварамон навъҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад. Баҳри гулпушу сабзпуш намудани ноҳияи Данғара кормандони  тамоми ташкилоти ҳизбии ноҳия дар тамоми гӯшаю канори ноҳия гулҳои гуногуни ороишӣ шинонда, саҳми хешро дар боз ҳам зеботар гардидани симоӣ ноҳия гузошта истодаанд.