АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БОИСИ ИФТИХОР АСТ.

Восеъ:  

Санаи 07.05.2024 як гурӯҳ волидон аз деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ, ки фарзандонашон бо хоҳиши худ дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбӣ намуда истодаанд аз ҷониби раиси ҷамоат ва раиси ноҳия мӯҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон бо ифтихорнома ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.Дар ин мулоқот Бойсара-модари хатмкардаи МТУА  №68 Шерафгани Раҷабалӣ, ки айни вақт адои хизмати Модар -Ватанро ба ҷо оварда истодааст, ба сухан баромада арзи сипоси хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон расонида, бо дуои нек қайд намуд, ки Худованд нисфи умри ӯро ба Ҷаноби Олӣ, сарвари адолатхоҳу раиятпарвап бахшад.