ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ!

Восеъ:  

Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Ин буд, ки Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” содир гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Дар санаи 07.05.2024 дар толори муассисаи таълимии №20- и ноҳияи Восеъ, даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст " гузаронида шуд.Озмуни мазкурро нахуст бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи марифи ноҳия Орифзода Муҳаммад оғоз намуда ба иштирокдорон доир ба иштироки фаъолона ва сазовор гардидан ба ҷойҳои намоён роҳнамоӣ намуданд.Сипас раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон баҳри дар сатҳи зарури омода намудани саҳни идонаи чорабинӣ, шаффофияти рафти озмун ба масъулини шуъбаи маорифи ноҳия маслиҳатҳои мушаххас дода дар кори озмун барору комёбиро баён намуданд. Инчунин намояндаи раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафармуҳаммад Алимардонов баҳри иштироки фаъолона дар сатҳи ноҳия,вилоят ва ҷумҳурӣ андешаҳои пурмӯҳтавои хешро баён намуданд. Сипас аъзоёни ҳакамон ба кори худ шуруъ намуда хонандагонро дар доираи номинатсияи омоданамудаашон баҳри омӯзиш қарор доданд.