ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР АРАФАИ ИДИ ҒАЛАБА.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор истиқбол намудан аз 79-солагии Иди ғалаба, яъне  ғалабаи артиши  Иттиҳоди Шуравӣ аз болои Олмони фашистӣ дар саросари мамлакат чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардида, сокинон аз саҳм ва иштироки фарзонафарзандони миллати тоҷик дар таъмини ғалаба ифтихор менамоянду корнамоиҳои бемислу монанди онҳоро  намунаи ибрати насли оянда  дониста бо хушнудӣ  аз он истиқбол менамоянд.

Дар таърихи 8-уми майи соли равон дар ҳамоҳангиву ҳамбастагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ташкилоту муассисаҳои сатҳи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод ва  Доғистон ба ҳашари умумӣ баромада, шоҳроҳ ва роҳравҳои онро аз хасу хошок ва алафҳои бегона поккорӣ намуда, дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонида, саҳми хешро дар ободу зебо ва хуррамгардонии маркази шаҳрак гузошта истодаанд.

                                                                                  

                                                             

          Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҳашари умумӣ: