ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

Кушониён: Созандагони ватан  

 Бахшида ба таҷлил намудани 79-умин солгарди “Иди Ғалаба” дар ташкилоти ибитидои ҳизбии “Маорифчиён” миёни омӯзгорну хонандагони муассисаи таълимии №5-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор карда шуд. Чорабинии мазкур бо иштироки аҳли муассиса дар сатҳи олӣ зери унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст!” бо иҷрои барномаи рангини омодакардаи хонандагону омӯзгорон аз ҷумла қироати маърӯзаю шеърҳо, расмҳои деворӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ, саҳначаҳои пандомез, ёди хотираҳои қаҳрамонони зиндаёд бо як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд. Директори муассисаи таълимӣ зимни баромади хеш иброз намуд, ки бигзор насли ояндасозӣ Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд. Ва бо ҳамин ниятҳои нек, тамоми мардуми Тоҷикистонро бори дигар бо иди Ғалаба табрик намуда, ба ҳамаи собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу намуд.