ТАРҒИБИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти Гулшан мулоқот бо ҷавонон дар мавзуи “Тарбияи ҳарбӣ ватандустии шаҳрвандон” доир карда шуд. Дар баромадашон қайд карданд, ки масъалаи тақвияти фаъолияти идеологӣ – сиёсӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти экстремисти террористӣ суханронӣ намуда, қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро аз ҷумлаи ибтикоротидигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки қабули ин санади муҳим ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон робитаи амиқ дорад. Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз танҳо ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва бомаърифту ватандӯст метавонанд муаррифӣ намоянд. Нақши ҷавонон дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва риояи танзими ҷашну маросимҳо суханронӣ намуда, афзуд, ки маҳз ҷавонони донишманд ва бомаърифат метавонанд ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва зиёдаравиҳо гарданд.Мақсад аз роҳандозии чунин хонишҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама таълиму тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, пос доштани хотираи неки абармардон, пешгири намудани ҷавонон аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиста, аз ҷумла терроризму экстремизм, пешгирии касалиҳои сироятӣ ва баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон дар раванди ҷаҳонгароӣ маҳсуб меёбад.