ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАҲАНА

Кӯлоб:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷ/д Даҳана” вохӯрӣ дар доираи масъалаҳои тероризму экстремизм таҳти унвони “Тероризм ва ифротагароӣ-падидаи номатлуби ҷомеа” баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷ/д Даҳана” бо сокинон вобаста ба масъалаҳои тероризму экстремизм ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст, ин тероризму экстремизми динӣ ва дигар зуҳроти номатлубу хатарзо мебошад. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷ/д Даҳана” ҳамчунин иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз моҳи апрели соли 2000 зимни баромад, дар конгресси СММ “Доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо”, дар шаҳри Венаи Австрия таъкид намуда буданд, ки “Мо тероризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем”.Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷ/д Даҳана” ба сокинон таъкид намуданд, ки барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем.