ОИЛАИ СОЛИМ, ҶОМЕАИ СОЛИМРО БА ВУҶУД МЕОРАД

Кӯлоб: Андеша  

Оила яке аз рукнҳои асосии ҷомеа маҳсуб ёфта, пойдевори калиди тарбияи насли наврас аз он сарчашма мегирад. Оилаи солим, ҷомеаи солимро ба вуҷуд меорад ва тарбияи дурусти насли наврас маҳз оғози оилаи солим дар ҷомеа мебошад.

Оила дар фарҳанги мардуми тоҷик аз замонҳои қадим ҳамчун ниҳоди муқаддас шумурида шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ таҷассум ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила манша мегирад.

Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории оила дар ҷомеа тадбирҳои мушаххасро меандешад.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки: “давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.

Воқеан ҳам дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи оилаи солим равона гардидааст, чунин омадааст: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст”.

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои оила, дастгирии оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида мешавад.

Аз ҷумла, қабули ду қонуни миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо мақсади таҳкими оилаҳо ва пешрафти онҳо тасдиқ ва қабул гардидааст.

Вале, мутаассифона то ҳол дар кишвар пошхӯрии оилаҳо ба назар мерасад, ки сабабу омилҳои худро дорад. Яке аз сабабҳои онро мутахассисон ба оқибатҳои ногувори никоҳҳои хешутаборӣ рабт медиҳад, ки оқибат ба таваллуди фарзандони маъюб оварда мерасонад ва билохира мафҳуми оилаи солимро аз байн мебарад. Аз ин рӯ, қонунгузории кишвар никоҳи хешутабориро манъ намудааст.

Масъалаи аз байн бурдани никоҳи хешутаборӣ соли 2016 аз ҷониби Парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар он Вакилони парлумони Тоҷикистон гуфта буданд, никоҳи хешутаборӣ яке аз сабабҳои аслии ба дунё омадани кӯдакони маъюб дар кишвар аст ва манъ шуданаш ҳам асосан ба ин мушкил рабт дорад. Аз ин рӯ, хешу табори наздик ҳаққи издивоҷ бо якдигарро дигар надоранд ва дар баробари ин, инчунин, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои арӯсу домод ҳатмӣ шуд.

Омилҳои дигари вайрон шудани оилаҳо ба ба ҳамдигарнофаҳмии ҷавонон, дахолат кардани шахси сеюм дар оила ва омода набудан ҷавонон ба ҳаётӣ оилавӣ дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки маҳз фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ василаи боэътимоди боло бурдани маърифати оиладорӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, ташаккули муносибатҳои созанда ва орӣ аз хушунат дар оила буда, тавассути он имконияти воқеии таъмини пойдории оилаҳо таъмин мегардад.

Ба андешаи таҳлилгарон, ҷиҳати пешгирии раванди афзоишёбии теъдоди ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ, амалигардонии тадбирҳои зерин ба манфиати кори устуворгардонии оилаҳо мебошад:

- татбиқи тадбирҳо дар самти тақвиятбахшии нақши оила дар ҷомеа;

- ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ;

- баланд бардоштани саводнокии молиявии аъзои оила;

- ташаккули механизми дастгирии оилаҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти онҳо;

- таъмини қатъии татбиқи меъёри қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии ақди никоҳ;

- мусоидат ба таъмини иҷтимоии оилаҳо ва кӯдаконе, ки ба дастгирӣ ниёз доранд;

- пешгирии зуроварӣ дар оила, алалхусус нисбат ба занон ва кӯдакон;

- истифодаи васеи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ баҳри ба ҷомеа расонидани моҳияти дастгириҳои давлатии иҷтимоӣ, ки ба таҳкими оила нигаронида шудаанд;

- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус занону наврасон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

- ташкил намудани машваратхонаҳои оилавӣ (равоншиносон, ҳуқуқшиносон).

Ҳамин тариқ, зикр кардан ба маврид аст, ки агар мо пос доштани арзишҳои муҳими оилавӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии ҳар як аъзои оиларо аз ҳама чиз авлотар донему ҳифзи оила дар мадди аввал гузорем, мо метавонем дар оянда як оилаи комилу хушбахтро ба вуҷуд оварем.

Абдураҳмонова Ҳалима Ҷӯраевна,

омӯзгори фанни “Тибби Шарқ”