ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” АЗ ҶОНИБИ ТИ “ЛИТСЕЙ КАСБИИ ТЕХНИКӢ”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳар як гӯшаи диёри азизамон ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии “ҲХДТ –ҳизби созандаву бунёдкор”, инчунин сазовор таҷлил намудани 9-май Рӯзи Ғалаба аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Литсей касбии техники”-и ноҳияи Восеъ, роҳраву гирду атрофи ташкилотро аз алафҳои бегона тоза намуданд.Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ҳашари дастаҷаъмона баромада баҳри ободии ноҳия саҳми муносиби хешро гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки тозагии маҳал вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, баҳри он бояд бетарафӣ набояд кард.