ТАЪМИРИ АШЁҲОИ ДОХИЛИМУАССИСАВӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ  бо мақсади саривақт бартараф намудани таҷҳизотҳои таъмирталаб ва фарсуда аз ҷумла мизу курсиҳо, тахтаҳои синфӣ ва дигар ашёҳои дохилимуассисавӣ аз таъмири пурра бароварда шуда истодаанд. Мақсад аз тартиб додани ин нақшаи чорабиниҳо бартараф намудани мушкилотҳо оиди норасоии ҷои нишаст ва тозаю озода нигоҳ доштани ашёҳои дохилимуассисавӣ мебошад.Тибқи нақша чорабиниҳо маъмурияти муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми таҷҳизотҳои таъмирталаб ва фарсударо аз таъмири пурра бароварда онҳоро рангу бор намуда истодаанд. Ин тасмим дар тамоми муассисаҳои таълимӣ мунтазам идома дорад.Бояд қайд намуд, ки Мактаб боргоҳи илму дониш аст. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштан ва саҳм гузоштан дар ободиву зебогӣ мактаб амали хайр ва вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.