ДАР ТАҚВИЯТИ УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН - КАФИЛИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар тақвияти усули хона ба хона масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо сокинони деҳаи Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ҷиҳати самаранок ва бомаврид истифода бурдани замини назди ҳавлигӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.  Сокинони ҷамоати  мазкур он ҳама дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ сармашқи кори худ қарор дода, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда аз як қитъаи замин ҳосили хуб ба даст меоранд. Дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар  мулоқот бо сокинон маълум гардид, ки имсол дар заминҳои, наздиҳавлигӣ пиёз, картошка, ва дигар полезиҳо кишт карда шудааст.  Сокинон кӯшиш менамоянд, ки замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, дар кишти такрорӣ сабзӣ дигар сабзавотҳои тирамоҳро кишт намоянд.