МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Кушониён:  

 Санаи 7-уми майи соли равон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси ташкилоти ибтиоии ҳизбии “Оила”-и бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия, дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия ҷамъомад доир карда шуд. Дар он аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” фаъолона иштирок доштанд. Зимни оғози вохӯрӣ раиситашкилоти ибтидоии ҳизбӣ Иброҳимзода Мумина Бозоралӣ ба сухан баромада атрофи роҳҳои тайн намудаи мақомоти адлияи кишвар дар замони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Инчунин, роҷеъ ба амалигардии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", сари вақт барои қайдгирии тавалуди фарзандон дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фарҳанги либоспӯшии ва ҳамчунин ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон маърӯзаҳо карда шуд.