АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР»

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДт дар ноҳияи Данғара тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бо иштироки раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок намуда барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи бинои Кумита Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" яъне тоза намудани гирду атроф баргузор гардид.