ШИНОНИДАНИ ГУЛҲОИ МАВСИМИ ОРОИШӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи корӣ ва дар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони  тамоми ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Данғара баҳри сарсабзу хуррамгардонии  гирду атроф,  тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона тозаву озода  ва бо гулҳои мавсими ороиш додани саҳни муассиса ҳамаррӯза ҳиссаи худро гузошта истодаанд ва иқдом гирифтаанд, ки  то охири сол ба хотири сарсабзу хуррам намудани гирду атрофи муассиса гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд. Бояд гуфт, ки вобаста ба мавсим гулҳои ороишӣ зуд ‐ зуд иваз карда мешаванд.