Мактаби мардонагиро дар хизмат ба Ватан-Модар бояд гузашт.

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи  супориши мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия амалиёти муштарак байни мактабу маориф, алалхусус дар байни хонандагони синфҳои болоӣ    хониши сиёсӣ баргузор менамоянд.  Мавзӯи сафарбарии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаи бисёр муҳим ба шумор рафта ёдовар гардид, ки имрӯзҳо  дар сохторҳои низомии кишвар шароити буду боши мувофиқ таъмин аст ва хизмат ба Ватан дар чунин шароит барои омӯзиши мактаби одаму одамгарии насли ҷавон мусоидат мекунад. Ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ дар бисёр маврид ба раванди таҳаммулпазирӣ  дар зиндагии  инсон таъсири мусбӣ  расонида, ҷавонмардон  ҳамаҷониба обутоб меёбанд. Шояд яке аз омилҳои дар зиндагии мустақилона муваффаќ нагардидани баъзе аз ҷавонони мо ин нагузаштан аз хизмати аскарӣ бошад! Тавре Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон таъкид медоранд, кишвари моро ба ҷузъ фарзандони сарсупурдаи ин миллату давлат ягон кас аз хориҷ омада обод кардаву намесозад. Дар ҳеҷ  ҷойи дунё моро интизор нестанд. Ҳар амале, ки анҷом медиҳем, бояд манфиатҳои давлат, миллат ва ватани азизамон-Тоҷикистон дар мадди аввал бошад. Ба ҳамин хотир,  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии сулҳу ваҳдат ба ҷавонони ватандӯсту ғаюр ниёз дорад ва ҳифозати кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ аст.

Суратгузориш аз рафти баргузории хониши сиёсӣ: