РӮЗИ РАДИО БА СОБИҚАДОРОН, КОРМАНДОН ВА ШУНАВАНДАГОНИ ОН МУБОРАК БОШАД!

Ҳамадонӣ: Андеша  

РАДИО СОҲИБМАҚОМ ХОҲАД МОНД!

 

Ҳарчанд интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз дар фазои иттилоотии мо мақому нуфузу бештарро соҳиб гаштаанд, аммо радио ва радиошунавонӣ ҳамоно дар пур кардани ин фазо нақши барҷаста дорад. Зеро на ҳама иттилое, ки дар интернет нашр мешавад, санҷидашудаву муътамад аст. Аммо радио ахбори дақиқу санҷида ва босарчашма пахш мекунад, ки аз талаботҳои меъёри ахлоқи касбӣ аст.

 

Ҳоли ҳозир бар асоси таҳлилҳои мо дар барномаҳои шабакаҳои радиоӣ фаврият назар ба шабакаҳои телевизионӣ бештар мушоҳида мешавад. Муҳимтарин рӯйдодҳо саривақт тариқи барномаҳои радио инъикос мешавад. Зимнан сиёсати давлату ҳукумат тариқи барномаҳои радио ба таври сареъ ва касбӣ таблиғу ташвиқ мешавад.

 

Нақши радио дар замони муосир барои он барҷаста боқӣ мемонад, ки мушкилоти ҷомеа бо иштироки масъулин ва коршиносон ба таври касбӣ таҳлилу бозгӯ мешавад, ки дар расонаҳои электронии дигар ин чиз камтар мушоҳида мешавад.

 

Аммо соҳибони шабакаҳои радиоӣ, масъулону ва маъмурони он чи бояд кунанд, ки шабакаи худро фаъол нигоҳ доранду муваффақ бошанд:

 

- аввалтар аз ҳама шабакаҳои радио фаъолияти худро ба талаботи журналистикаи нав (интернет-журналистика) мутобиқ намоянд. Ҳарчанд дар ин сат баъзе пешравиҳо ҳаст, аммо ин ҳоло ҳам кам аст ва ин бахшро ҳар чи бештар бояд рушд бахшид;

 

- дар шароити муосир шабакаҳои радиоиро лозим аст, то аз баъзе барномаҳо, ки бо услубу қолаби кӯҳна таҳия мешаванд, даст кашанд. Зеро, дар ҳудуди 15 - 20 дақиқаи эфир дилхоҳ масъаларо метавон таҳлилу баррасӣ кард;

 

- шабакаҳои радиои муосир барномаҳои хабарии худро бояд қавӣ намоянд. Тақозои радиои муосир аст, ки барои муассир шудани нашри барномаҳои иттилоотӣ хабарҳои сомонаҳоро айнан нахонда, бо андеша - садоҳо пайванд бояд кард;

 

- шабакаҳои радио бояд гузоришҳоро аз макони баргузории маъракаву чорабиниҳо зиёд намоянд. Бигзор хабарнигорон мустақим аз макони ҳодиса гузориш диҳанд;

 

- ҳар як шабака бояд фаъолияти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар таблиғ намояд. Подкастҳои (сӯҳбатҳои видеоӣ) радиоиро ба роҳ мондан ба манфиати кор аст;

 

- анонси барномаҳоро дар сомонаи радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дод, то шунавандагон донанд, ки кадом барнома мундариҷааш чӣ аст ва кай пахш мешавад;

 

- ниҳоят барои аз даст надодани нақшу мақоми шабака бояд сеткаи барнома қатъӣ риоя шавад. Зеро, дар сурати вайрон шудани сеткаи барномаҳо эътимоди шунаванда ба шабакаи радио коста мешавад ва онҳо дар наздиктарин фурсат ин шабакаро тарк мекунанд.

 

Новобаста аз он, ки имрӯз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мақому нуфузи бештар дораду мардум аз ин воситаҳо бештар истифода мебаранд, нақшу мақоми радио дар ҷомеа боқӣ мемонад. Зеро, радио дастёри беминнат ва дар ҳама ҷо дастрас аст. 

Зафар Аскар