ТАҶЛИЛ НАМУДАН АЗ ҶАШНҲОИ ФАРХУНДАИ СОЛ

А.Ҷомӣ:  
«Таъмини Ваҳдати миллӣ, амният, сулҳу суботи ҷомеаи Ватани маҳбубамон масъулияти дучандро талаб менамояд». Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва Истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.
Дар асоси нақша-ҷорабиниҳои муштараки Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, таҳти дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз тамоми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ ба хотири сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои фархундаи сол, аз ҷумла 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ,бахшида ба рӯзи Оила ва маҳвораи ҳафтаи ҷавонон як қатор ҷорабиниҳои фарҳангию фароғати дар қисми низомии 87740-и дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда гузаронида шуд. Аз тарафи тамоми аъзоён ва фаолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар қисми низомии маскур дастархони идона ороста шуда, бахшида ба эълон намудани “ Соли маърифати ҳуқуқӣ ”, бахшида ба гиромидошти “Оилаи солим ҷомеаи солим” аз тарафи ташкилоти ибтидои САҲШ озмуни Кадбонуи беҳтарин ва Оилаи беҳтарин дар қисми низомии мазкур дар сатҳи баланд гузаронида шуд.