ТОҶИКИСТОНИ ТАМАДУНОФАР

Фархор: Андеша  

 

 

Дар шароити мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ҳимояи ганҷи бебаҳои истиқлолу озодӣ кори осон набуда ва аз мо нангу номуси ватандорӣ, меҳнату фидокорӣ, иттиҳоду ҳусни тафоҳум, эҳтирому боварӣ ба ҳамдигарро талаб мекунад. Ҳамин нуқта кифоят аст, ки баҳои Истиқлолияти давлатӣ, рушду нумӯи кишвар ва амну суботи ҷомеаро дарк кунем ва онро чун бақои ҳастии миллат ба қиммати ҷон ҳифз намоем.Мусаллам аст, ки ҳадаф аз ин ҳама ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи насли созанда, бафазлу дониш, худшиносу худогоҳ ва ватанпарвар аст, насле, ки чун ниёгони хеш Синову Берунӣ, Хайёму Қайси Розӣ аламбардор бошад ва ба обрӯи миллат афзуда, ҳастии онро пойдор созанд.Яке аз ин фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардидааст. Ин аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти сарварии асосгузори сулҳу ваҳдатӣ милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун кишвари доррои низоми давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуда, бо 178 мамлакати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.