ОМИЛ ВА САБАБҲОИ ПОШХӮРИИ ОИЛА

Вахш: Вокуниш  

 Оила ва оиладорӣ яке аз рукнҳои асосии ҷамъият ва давлат ба ҳисоб меравад. Боиси таассуф аст, ки на ҳамаи оилаҳое, ки ташкил мегарданд, пойдор мемонанд. Сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон хеле гуногун буда, вобаста ба вазъи ин оилаҳо пайомадҳои гуногунеро ба бор меоранд.

Дахолати ноҷои баъзе волидон низ сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегардад. Кам нестанд ҳодисаҳое, ки хушдоманҳо барои баъзе масъалаҳои ночиз, аз зумраи каме шур омадани хӯрок, нодуруст дарзмол кардан, шикастани чиниворӣ ва монанди ин бо келин хеле сахт ва дағал гап зада, дар назди фарзандон онҳоро ноуҳдабарою беҳунар мехонанд, ки ин боиси ранҷиши хотири келин ва тадриҷан дилхунук гаштани онҳо аз ин хонадон мегардад.

Барои бунёд кардани оилаи пойдори устувор, бешубҳа, падару модар нақши калидӣ бозида, намунаи оила ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд худпараст набошанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлуи хуби воқеаро бинанд, сабур ва хушмуомилаву беозор бошанд. Ҳама вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шуҳрат абади набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедоранд. Дар баробари ин, дар ҳузури фарзандон волидон бояд ҳамеша аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва иҷрои дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро агар дар ҷое, ки аъмоли зишт мавҷуд бошад, он ҷо садоқат ва эътимод дида намешавад. Ин амалҳои зишт боиси гусаста шудани пайванди оила ва рафоқату дустии аҳли оила мегардад.

Пас метавон гуфт, ки тарбияи солим ва ё нодурусти фарзанд бевосита ба муҳити зист, рафтору кирдори волидон ва калонсолони оила вобастагии қавӣ дорад. Сарчашмаи муноқишаҳо, вайроншавии муносибати навхонадорон, амалҳои нодурусти ҷавонон ва хислатҳои ношоистаи ҳар инсон аксаран оила мебошад. Агар тарбияи нахустини ҳар фарзанд ба оила вобаста бошад, пас сабаби ба вуҷуд омадани моҷароҳои оилавӣ ҳам аз муомилаи ғайримақбули аъзои оила бо фарзандон аст.

Аз ин хотир метавон хулоса кард, ки муҳити фарогирифтаи ҷавонписарону духтарон онҳоро ба зиндагӣ мутобиқ ва омода насохтааст, ки ин аз беаҳамиятии волидони ҳар ду тараф ва ниёз доштани худи навхонадорон ба таҷрибаи рӯзгор ва таълиму тарбияи оилаю оиладорӣ шаҳодат медиҳад. Агар зан ва мард замони наврасию ҷавонӣ дар оилаи солим ва зери тарбияи бонизоми волидон ба камол расида бошанд, ҳатто муҳити носолим низ ба онҳо наметавонад осеб бирасонад.

Набудани ғамхорӣ, дастгирию ёрмандӣ аз ҷониби волидон, дар як қатор мавридҳо дар оила набудани падар тадриҷан боиси он мешавад, ки фарзандон беназорат мемонанд. Дар натиҷа заминаи мусоид барои ба ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар амалҳои номатлуб ҷалб шудани ноболиғон фароҳам меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии сар задани низоъ дар оила бархурди манфиатҳо ва қонеъ нагардидани талаботи шахс мебошад.

Аз ин рӯ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин дарди ҷомеа пеш аз хонадоршавӣ ва ташкили оила ба зиндагии мустақил омода кардани ҷавонон мебошад, ки ин, пеш аз ҳама, вазифаи падару модар, мактаб ва ҳамкории тамоми ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

 

 

 

Мудири бахши кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                    Сафаров Ф.