БАРТАРАФСОЗИИ ПАЁМАДҲОИ ҲОДИСАҲОИ ТАБИӢ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сербориш омадани боду ҳавои имсола таъсири нохушоянде ба табиат ва олами наботот расонида, дар пайи бороишоти чанд рӯзи охир паёмадҳои ҳодисаҳои табиӣ бештар ба назар мерасид. Ҳамин аст, ки дар аксари қисматҳои роҳравҳои асосӣ ва шоҳроҳҳои марказии ноҳия ҷуйбору обравҳо пур аз сангу шағал гардидааст. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳияи Балҷувон дар якҷояги бо аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойтошта талош варзида, баҳри пешгири аз ҳамагуна  ҳодисаҳои табии чораҳои зарури меандешанд.