ПАЙМОНИ ДУРӮҒИН!

Бохтар: Вокуниш  

Рӯбоҳ дар ниқоби шер ба макри нав даст мезанад.

       Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслакони беватани худ таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ, ки ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додаанд, чанд сол пеш ба ном иттиҳоди «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро ташкил кардаанд.  Муассисони ин иттиҳоди дурӯғини ҷосусӣ ва ҷамъи қотилони миллати тоҷик аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби терористӣ мамнуъ ва қатъ гардонда шудааст.       

       Муҳидин Кабирӣ бо чанд тан аз ҳаммаслаконаш аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ин вақт ягон амали бунёдкориро баҳри Ватан ба анҷом нарасонидаанд, балки бо хоҷагони зархариди худ, даҳҳо амалҳои душманонаи худро бар зидди Ватану миллат ба сомон расонидаанд.    

      Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои собиқ ҳизби наҳзат дар солҳои аввали таъсиси ҳизби терористӣ аз номи ислом бо мақсади расидан ба ҳадафҳои шуми худ васеъ истифода бурданд. Натиҷаи амалҳои разилонаи онҳо имрӯзҳо ба ҳама тоҷику тоҷикистонӣ маълум гаштааст. Дигар ҳаммаслакони Кабирӣ ба монанди Иқболи Садриддин ва ҳамаи ҳампешаҳои ғаразгӯю бадкирдорашон рӯзи равшанро шаби тор маънидод мекунанду мардумро ба торикӣ ва зулмот кашидан мехоҳанд.

Ҳоло ҳам дер нашудааст, ба худ биёеду аз миллату Ватани аҷдодӣ, ки исми шарифаш Тоҷикистон аст узрхоҳӣ намоед. Шояд мардуми Тоҷикистон шуморо бахшида тавонанд. Ҷурму ғалатҳои худро чун Айёмиддин Сатторов мубалиғи собиқи ҳизби наҳзат рӯ ба рӯ иқрор шавед, барои худу пайвандони худ наҷибтарин амалро анҷом хоҳед дод.

 

Давлатова Роҳила –мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар.