САРСАБЗИИ ДОМОНИ ТУ САРСАБЗИИ ҲАСТИИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади арҷгузори ба рукнҳои олии давлатдорӣ, муқаддасот ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, имрӯзҳо дар диёри зебоманзари ноҳияи Балҷувон корҳои ободониву хуррамгардонӣ бо маром идома дорад, ки дар ин амалҳои неку созанда ва бунёдкорона аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия  иштироки фаъолона дошта, масъулияти шаҳрвандии хешро адо намуда истодаанд.

Ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳо ва роҳандозии ташаббусҳои ҳизбӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо”-и ноҳияи Балҷувон ҳашари дастаҷамъонаи гулшинони баргузор гардид, ки дар ин иқдоми наҷиб роҳбарият, аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии номбурда иштироки фаъолона намуданд.

Маҳз партавафшонии Ваҳдату ҳамдилияст, ки зери сиёсати ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми меҳнатдӯсту меҳнатқарини ноҳияи Балҷувон, баҳри ободиву сарсабзии яке аз  гӯшаи биҳиштосои меҳан саҳми шоён гузошта, рисолати инсониву шаҳрвандии худро иҷро намуда, саҳми шоён мегузоранд.