НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ба ду нафар маъюбон – Маҳмадов Билолиддин, сокини деҳаи Навҷувони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва Маҳмудова Саодат, сокини кӯчаи М. Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ нафақаи ҳизбӣ дода шуд. 

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ ба нафарони имконияташон маҳдуд, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия қайд намуданд, ки ашхоси ниёзманду барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

     Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар моҳ ба 2 нафар шаҳрвандони маъюби ноҳия ва 1 нафар сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонигӣ дастрас гардонида мешавад.