ТОЗАГИИ НОҲИЯ АЗ ШАҲРВАНДОНИ ОН ВОБАСТА АСТ.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист, мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳамарӯза шанбегӣ баргузор гардида истодааст. Иқдоми пешгирифтаи ҳизбиёни муассиса дар гирду атрофи муассиса корҳои ободониро амалӣ намуда ва кӯчаву роҳравҳоро тозаву озода мегардонанд.

Ин иқдом дар ноҳия идома дорад ва  аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои дар роҳҳои пиёдагарду гулгаштҳо напартофтани ҳар гуна партовҳо худдорӣ намуда, аз қуттиҳои гузошташуда истифода баранд.

Мо шаҳрвандон вазифадорем, ки шаҳрамонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта, уҳдадориҳои шаҳрвандиамонро софдилонаву содиқона иҷро намоем.