САФИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ МЕАФЗОЯД

Кӯлоб:  

Барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд. Муовини раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода  Фирӯз бо аъзоёне, ки нав ба сафи ҲХДТ аъзо мегарданд суҳбат намуда, таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъол бошанд. Ва дар ободонии диёри худ саҳмгузор бошанд. Масъулин шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзоёне, ки нав ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд тақдим намуданд.