МО ДАР ТАРБИЯ ҲАМРОҲЕМ

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ:  Масъалаи  тарбияи  ватандӯстӣ  ҳанӯз  аз  кӯдакистон  аз  ҷумлаи  он масоилест, ки дар шароити кунунӣ бо назардошти вазъи ояндаи ҷаҳон аҳамияти умумимиллӣ пайдо мекунад. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстиро аз синни хурдсолӣ оғоз намоем. Чун ҳар донишу эҳсосу таҷрибае, ки дар овони хурдсоливу наврасӣ ба инсон даст медиҳад, мондагортар аз онест, ки дар синни ҷавонӣ ё калонсолӣ онро аз худ карда мешавад.

Аз ҳамин лиҳоз баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кӯдакону наврасон ва дар дили онҳо бедор намудани зебоиву зебоипарастӣ дар массисаҳои таълимии томактабии шаҳри Левакант дарсҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст.