ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ СОКИНОН ВА КОРМАДОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ИДОМА ДОРАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони сарбаланди ноҳия ва кормандони  томоми ташкилоту муассисаҳо бо руҳияи баланди созандаву ободкоронаи Ватандӯстӣ пайи ободиву хуррамгардонӣ ва тозакориву покизагии маҳаллӣ зист камари ҳиммат бастаанд.

Маврид ба зикр аст, ки зимни иштирок дар ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ сокинони ноҳия бо руҳияи баланди созандагӣ машғули кору пайкори созанда буданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳашарҳо корҳои азими созандагӣ, тозаву озода кардани дохили маҳалл, инчунин ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯчаҳо ва шинонидани дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва тозаву озода намудани гирду атрофи роҳро аз партовҳо ва зарфои пластики ва полетелники, ки яке аз амалҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки мақсад аз иқдомҳои созандаи сокинону ҷомеаи ин пайравӣ аз ташаббусу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 ба кулли сокинон пешниҳод гардид, мебошад.