ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

Кӯлоб:  

 Дар доираи ҳафтаи поси хотир ба истиқболи 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №46” чорабинии адабиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “МТМУ №46” ва фаъолон ширкат варзида, суханронӣ намуд.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “МТМУ №46” оғоз намуда, қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Аз Тоҷикистони офтобӣ беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.

Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон низ бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намоянд.