БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ "ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ"

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Санаи 1 майи соли 2024 дар муассисаи таълимии рақами 62 мизи мудаввар дар мавзӯи "Ҷавонон дар масири Истиқлолият" гузаронида шуд. Дар он сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қаҳорова Хайринисо ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдулова Кибриё  иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд карданд, ки имрӯзҳо воқеан ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд ва саҳми худро дар ҳама гуна корҳои ободкорию созандагӣ гузоранд.Инчунин иброз доштанд, ки мо дар аснои истиқболи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон қарор дорем.

Ҳамчунин ҷавонони фаъоле, ки дар мизи мудаввар ширкат варзиданд, фикрҳо ва миннатдории худро ба Ҳукумати мамлакат баён намуданд.