БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МСД “ОРИЁН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти навбатии масъулини ҳизби дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар Маркази саломатии деҳотии “Ориён” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулиятӣ тадару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мулоқот баргузор карда шуд.Дар мулоқот иброз карда шуд, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми харсолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кўдакон ва наврасон дар оила ва дар рўҳияи ватандўстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша менамоянд. Бинобар ин таъсис додани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ва ташкил намудани воҳиди нави сохторӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҷиҳати назорат ва ҳамоҳангсозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро муҳим арзёбӣ карданд. Масъалаи дигар ин боло бурдани маърифати оиладорӣ ва боз ҳам таъкид гардидани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад, ки дар ин бора ба таври мушаххас дар ин санади ҳаётан муҳими ҷомеа зикр ёфтааст. Аз сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихӣ бармеояд, ки ояндаи дурахшон ва соҳибтамаддуни давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дурусти насли наврас зич алоқаманд мебошад.Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе  мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”. Дар хотир бояд дошт, ки фарзанди имрўзаи мо падар ва модари оянда хоҳанд шуд. Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад, ки ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллат ба хисоб меравад.