ХУРОФОТПАРАСТӢ АЗ МО НЕСТ!

Кушониён: Вокуниш  

Имрӯз ҷомеа бештар аз пештар сари андеша бар умқи маънии миллат ва ҳувияти миллӣ задаасту заминаҳои пурвусъате дар ташаккулу такомули фарҳангӣ ва асолати миллӣ рӯи кор меояд. Қобили зикри махсус аст, ки тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд пайваста дар таҳаввулу инкишофи тамаддун ва фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост. Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам (р) мебошад. Бояд гуфт, ки ба шарофати талошҳои фидокоронаи ин фақеҳ ва мутафаккири бузург ҳувияти аҷамӣ ҳифз ва арзишҳои миллӣ инкишоф ёфтаанд. Вақтҳои охир дар мамлакат гурӯҳҳое зуҳур кардаанд, ки аз доираи низоми муқаррароту эътиқоди мазҳабии мардуми Тоҷикистон берун баромада, ғояҳои бегона ва барои шуури динии аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон хатарнокро таҳмил карда истодаанд. Ҷонибдорон ва таҳмилкунандагони чунин ақоиди бегона набояд фаромӯш созанд, ки дини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хушунату зӯроварӣ набуд, баръакс ҳамеша  инсониятро ба сулҳу субот, адлу инсоф, ваҳдату муттаҳидӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалол ва муросову мадоро, яъне барои эҷоди муҳити ҷомеаи  солим  даъват менамояд. Солҳои охир аз ҷониби доираҳои муайян ба хотири паст задани нуфузи дини ислом, амалӣ кардани мақсадҳои нопок ва тафриқаву низоъ ангехтан байни сокинони халқу миллатҳои гуногун ғояи бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо тарҳрезӣ шудааст ва доираҳои мазкур мунтазам истилоҳи “терроризми исломӣ”-ро талқин месозанд.  Таъкид бояд кард, ки ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст. Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғанӣ  гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии натанҳо мусулмонон, балки аҳли башарият метавонад нақши судманду муассир гузорад. Хурофот дар анъанаҳои миллӣ ва динии тоҷикон ва халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар тамоми қишр ва табақаҳои ҷомеа ва дар ҳамаи динҳо нуфузу густариш пайдо намуда, мавзӯи доғи рӯз ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар кишвари мо хурофот дар айни замон ҷойи баъзе анъанаҳои миллӣ ва диниро иваз намудааст. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои пешгирӣ ва бартараф кардани пайомадҳои манфии иҷтимоиву иқтисодии ин падидаи номатлуб шароит ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.

Нурализода Малика мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ