ИДОМАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ОИНА" ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом санаи 3 –юми майи соли 2024 дар кӯчаҳои шаҳр тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, аз ҷониби кормандони ташкилоти ибтидоии “Оина” ШМКХ дар шаҳри Норак  барои ободу зебо гардонидани кӯчаҳо, роҳравҳо ва  гирду атрофи корхонаву муассисаҳои шаҳри Норак  Аксияи ҳизбӣ баргузор гардид.

Ин иқдом аз ҷониби ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.