РӮЗИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба кишвари сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Рӯзи ободонию созандагӣ" бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда мешавад.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии  "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара" доир карда шуд.