ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  дастуру супоришҳои ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шахсони маъюбу камбизоат ва ятимон пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.
Бо мақсади дастгирию кӯмак намудан ба ин оилаҳо аз ҷониби шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти  "Навзамин"   Аминов Суҳроб ва соҳибкор Менглиев ба ятими кул Ҷалматова Сарвиноз сокини деҳаи Умед як адад мошинаи дарздӯзӣ, як адад дарзмол ва се адад либосҳои хархела тақдим намуданд.
Барои  ин амали нек,  пайвандони ятим  хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтадории хешро баён намуданд.