АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР» ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ  

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Фарҳангчиён” тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи муассисаи таълимии №31 Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" яъне тоза намудани гирду атрофи баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтонро нарм карда ва ба онҳо об доданд. Инчунин гирду атрофи бинои муассисаи мазкурро ободу зебо гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.