РУШДИ  ПИЛЛАПАРВАРӢ-РУШДИ САНОАТ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кирмпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 5000 сола дорад. Ин соҳа ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини ҳазорон нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.

  Санаи 1-уми майи соли равон аз пиллапарварии истиқоматкунадаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Равшанобод мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат дидан намуд.