Шинонидани гулҳои ороишӣ дар ташкилоти ибтидоии «Рӯнома»

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ҳама аъзоён аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ истифода намуда, дар атрофи корхонаву коргоҳҳо парвариши гулҳои ороиширо ба роҳ мондаанд.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рӯзнома» низ дар қатори дигар сокинон барои зебо гардонидани атрофи корхона талош намуда, парваришу шинонидани гулҳои ороиширо ба роҳ мондаанд, ки ин амали неки онҳо саҳни муассисаро боз ҳам зебо мегардонад.